Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумон «коктейли Молотов»-ро силоҳи оташфишон эълон кард


Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро тасвиб кард, ки истифодаи «коктейли Молотов»-ро бо корбурди силоҳи оташфишон баробар дониста, барои ин ҷазои сахт муқаррар шуд.

Дар иҷлосияи имрӯзи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 15 масъала, аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо ва созишномаҳои байнидавлатӣ баррасӣ шуд, ки масъалаи ёздаҳум - баррасӣ ва тасвиби лоиҳаи Қонуни нав «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» буд ва вакилони бидуни баҳсу баррасӣ онро тасвиб карданд.

Тасвиби ин лоиҳаи Қонун дар ҳолест, ки Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ин тарҳро дар ҳудуди як моҳи пеш ба баррасӣ гирифта буд. Ба ин тартиб, на танҳо истифодаи «коктейли Молотов» ё омезаҳои оташангез, балки пӯшидани ниқоб дар тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо манъ шуд. Ҳамчунин дар ин қонун барои истифода аз силоҳу маводи сӯзанда ё тарканда дар рафти гирдиҳамоиҳо, ҷазо пешбинӣ шудааст.

Бар пояи ин қонун, шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳаққи роҳандозии эътирозҳо ё мушорикат дар гирдиҳамоиҳоро надоранд.

Яке аз муаллифони ин тарҳ, муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Намояндагон Саттор Холов ба Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи маҷлисҳо гирдиҳамиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо» ба хотири таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва дар чаҳорчӯби ҳуқуқӣ гирифтани тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо пешниҳод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои давлатӣ ба баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ иҷозат намедиҳанд ва тазоҳуроти беиҷоза тибқи қонунҳои Тоҷикистон қонуншиканӣ ба шумор меравад. Аммо ҷаноби Холов мегӯяд, қонун ба шаҳрвандон ҳаққи ташкили гирдиҳамоиро дода бошад ҳам, тадбирҳое заруранд, ки ҳифзи сиҳату амнияти онҳоро таъмин кунанд:

«Дар ин баробар яке аз бартариҳои қонуни мазкур дар он аст, ки кафолати ҳуқуқии шаҳрвандро ба озодона баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ ба таври мушаххас нишон додааст. Яъне, тарзи гузаронидани ин чорабиниҳо низ рӯшан нишон дода, ҳамчунин шахсони ташкилотчӣ ва иштирокчиёни чунин намоишҳо пеш аз ҳама бояд талаботи қонунро ба инобат бигиранд. Онҳо бояд аввал ариза нависанд, вақт, макон ва шумораи одамонро дақиқ намоянд ва ба ӯҳда бигиранд, ки дар сурати вайрон шудани қонун ва расонидани зарар ба моликияти шаҳрвандон, зиёнро ҷуброн мекунанд. Дар вақти гузаронидани чунин чорабиниҳо, онҳо бояд рӯяшонро пинҳон накунанд, то ки шахсияти онҳо муайян карда шавад. Дуюм ин, ки бе яроқ ва маводи тарканда оянд ва мувофиқи талаботи қонун фикру андешаҳои худро бигӯянд ва бираванд.»

Муаллифи тарҳи нав мегӯяд, қонуни марбутаи Тоҷикистон дар соли 1998 қабул шуда, равандҳои муосирро фаро нагирифтааст ва ниёз ба ислоҳу такмил дорад. Вале баррасии ин қонун дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 ба ин сӯ давлати Тоҷикистон ба баргузории ягон гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат надодааст ва ҳамаи талошҳои ташкили хурдтарин пикет ё эътироз ба вокуниши сахти мақомоти рӯбарӯ гаштаанд. Дар муқобил даҳҳо гирдиҳамоии тарафдорони давлат бо ташаббуси мақомоти давлатӣ ва зери ҳимояи онҳо ҷараён ёфтаанд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG