Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигари «Зарафшон» як сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд


Мазбудҷон Бурҳонов, бозигари «Зарафшон»-и Панҷакент, ба муҳлати як сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти футболи Тоҷикистон маҳрум шуд.

Бо тасмими кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Мазбудҷон Бурҳонов, бозигари «Зарафшон»-и Панҷакент, ки дар бозии мусобиқоти лигаи аввал бо «Эсхата»-и Хуҷанд, сардоварро задааст, як сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум ва ба маблағи 1500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Дар ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи ФФТ, ки рӯзи 23-юми июн баргузор шуд, инчунин, барои вайрон кардани кодекси ахлоқи ФФТ бозигарони дастаҳои мухталифи лигаҳои олӣ ва аввали кишвар муҷозот шуданд:


Зафар Додоев, бозигари «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва Далер Шомуродов, бозигари «Регар-ТадАЗ», аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ, Абдусамад Хоҷибоев , бозигари «Далерон-Ӯротеппа» ва Бахтиёр Каландаров, бозигари «Регар-ТадАЗ» аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ ва 300 сомонӣ, Ҷӯрабой Ҷӯраев, бозигари «Қайроққум»-и Қайроққум аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ ва 250 сомонӣ, Умед Ҳоҷимаҳмадов, бозигари «Шаҳристон»-и Шаҳристон, аз ҳаққи ширкат дар 10 бозӣ ва 1500 сомонӣ, Нуриддин Аҳмадов, бозигари «Канд»-и Канд ва Хайём Усмонов, бозигари «Зарафшон»-и Панҷакент, аз ҳаққи ширкат дар 1 бозӣ ва 150 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Баҳодур Сӯфиев, сармураббии ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Ба ҷуз ин, бошгоҳҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Зарафшон»-и Панҷакент ба маблағи 500 сомонӣ, «Хайр»-и Ваҳдат ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

XS
SM
MD
LG