Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 24-уми июн, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Остона сафар кард.

Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон аз 25-ум то 29-уми июн дар пойтахти Қазоқистон – Остона - баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ду даста – Эрон ва Чин аз ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ даст кашиданд. Бинобар ин теъдоди дастаҳо ду адад кам шуд. Ба ин тартиб, 6 даста дар ду гурӯҳ мубориза мебарад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дохиланд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Испания ва Озарбойҷон рақобат мекунад.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба ҳайати даста 18 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Рақибони мо дастаҳои пурқувватанд, вале мо кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем. Ин мусобиқа барои мо як давраи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 маҳсуб мешавад. Бачаҳои мо имкон доранд, ки таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кунанд.»

Футболбозони навраси тоҷик нахустин бозиашонро 25-уми июн бо тими Озарбойҷон анҷом медиҳанд. Баъдан 26-уми июн бо мунтахаби Испания бозӣ мекунанд.


Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 10 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 6 ҳазор ва барои ҷойи севум 4 ҳазор доллари ИМА муқаррар шудааст.

Ҳайати мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Шаҳбози Шарифӣ (РШВСМ), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

Ҳамлагарон: Собирҷон Гулаков, Рустам Толибов, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳама – РШВСМ), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).
Сармураббӣ: Салоҳиддин Ғафуров.

Тақвими бозиҳои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон -2014

Даври 1-ум

25 июн (чоршанбе)

11.00 - Озарбойҷон - Тоҷикистон

18.00 – Қазоқистон - Қирғизистон

Даври 2-юм

26 июн (панҷшанбе)

15.00 – Гурҷистон - Қазоқистон

18.00Тоҷикистон – Испания

Даври 3-юм

27 июн (ҷумъа)

15.00 – Испания – Озарбойҷон

18.00 – Қирғизистон – Гурҷистон

29 июн (якшанбе)

11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

18.00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG