Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз истеъфои Зиёулҳақ Амархел истиқбол кард


Намоиши пуштибонӣ аз доктор Абдулло дар Ҳирот

Намоиши пуштибонӣ аз доктор Абдулло дар Ҳирот

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи сешанбе, 24 июн, изҳор намуд, ки тасмими Зиёулҳақ Амархел барои тарки ихтиёрии мақоми дабири Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон амали масъулона буд. Зиёулҳақ Амархел рӯзи душанбе ба дунболи нашри як навори савтӣ, ки аз даст доштани ӯ дар тақаллуб ба манфиати номзад Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳикоят мекард, аз мақомаш истеъфо дод. .Аммо ҳам ӯ ва ҳам ситоди Аҳмадзай сабтҳоро тақаллубӣ хонданд.

Дафтари СММ дар Афғонистон ҳам аз тасмими Амархел барои истеъфо ситоиш кард ва гуфт, ки ӯ "манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштааст". Созмони Милал аз ҳарду номзади даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон - Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай хост, ки ба раванди интихоботӣ баргарданд.

Рӯзи 24 июн ҳазорон ҷонибдорони Абдулло Абдулло дар шаҳри Ҳирот алайҳи тақаллуби густурда дар интихобот эътироз карданд. Онҳо аз раисиҷумҳур Ҳомид Карзай талаб карданд, ки аз сӯи нозирони интихоботӣ ҷудо кардани раъйҳои воқеъӣ аз раъйҳои тақаллубиро кафолат диҳад.

Ҳамин гуна намоиши эътирозии ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ рӯзи 24 июн дар маркази Кобул ҳам баргузор шуд.

Қарор аст, ки натиҷаҳои расмии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи 22 июл эълон шавад.

XS
SM
MD
LG