Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати HRW аз Шӯрои Аврупо дар робита ба Озарбойҷон


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW),аз Шӯрои Аврупо ва Маҷмааи парлумонии он хост, то раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиевро барои хотима гузоштан ба таъқиби мунаққидони ҳукумат мутмаин созанд. Дар изҳороти раиси HRW, дар умури Аврупо ва Осиёи Миёна Ҳю Уллиамсон гуфта шудааст, дар ҳоле Озарбойҷон раёсати даврии Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупоро бар ӯҳда дорад, ки дар ин кишвар меъёрҳои муқарраркардаи Шӯрои Аврупо дағалона поймол мешаванд.

Боку аз 14 май ба раёсати даврии Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо шурӯъ кард ва қарор аст он ним сол идома кунад.

Рӯзи 23 июн беш аз сад тан аз маҳбусони собиқ, ки худро маҳбуси сиёсӣ мехонанд, аз Маҷмааи парлумонии Иттиҳодияи Аврупо хостанд то барои раҳо кардани маҳбусони сиёсии боқимонда дар зиндонҳои Озарбойҷон талоши бештар кунад.

Илҳом Алиев, ки таъқиби сиёсӣ дар Озарбойҷонро қатъӣ рад мекунад, рӯзи 24 июн дар Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо дар Страсбург суханронӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG