Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВКД дар бораи ҳамла бо тухму помидор ба Кабирӣ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо нашри натиҷаҳои санҷиши ҳамла бо тухму помидор алайҳи раиси ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Муҳиддини Кабирӣ гуфтааст, додгоҳи Кӯлоб дар робита ба ин қазия 3 нафарро ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, аз 6 нафари дигар мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима ситонида шудааст.

Ҳайати ҲНИТ ба раҳбарии Кабирӣ рӯзи 10 июн баъд аз анҷоми мулоқоти ӯ бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба ҳамлаи як гурӯҳи «мусаллаҳ» бо тухму помидор дучор шуд. Мулоқоти Кабирӣх бо ҷавонон он рӯз ба далели мӯҳр задани дафтари созмони маҳаллии ҳизб дар манзили раиси бахши вилоятии ҲНИТ Муҳаммадшариф Набизода доир шуда буд.

Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 10 июн ба Озодӣ гуфт, тибқи натиҷаҳои санҷиш «бояд маҷлиси фаъолони ҲНИТ дар минтақа ва шаҳри Кӯлоб дар идораи Марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи С.Сафарови шаҳри Кӯлоб баргузор мешуд. Азбаски аз тарафи нозироти андоз ва хадамоти оташнишонӣ камбудиҳои зиёд дар ин идора ошкор карда шуда буд, фаъолияти идораи марказии ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб муваққатан боздошта шуда, дарҳои он муҳр гузошта шуда буд. Ҳамон рӯз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба шаҳри Кӯлоб омада, ба раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода А.А. муроҷиат менамояд ва Раиси шаҳри Кӯлоб камбудиҳои ҷойдоштаро ба Муҳиддин Кабирӣ мефаҳмонад.»
ВКД мегӯяд, масъулони ҲНИТ бо ин вуҷуд дар манзили раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадшариф Набиев, воқеъ дар кӯчаи О.Сарварова, хонаи №84-и шаҳри Кӯлоб ин мулоқотро барпо мекунанд, вале «баъди маҷлис, ҳангоми баромадани иштирокчиён, як гурӯҳ шаҳрвандон аз ин ҷамъомади ҳизб норозигӣ намуда, дар назди хонаи Маҳмадшариф Набиев ҷамъ омада, ба тарафи намояндагони ҲНИТ ва махсусан ба тарафи роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ помидор ва тухм ҳаво медиҳанд. Аз тарафи аъзоёни ҲНИТ низ якчанд нафар ба бетартибиҳо роҳ дода, бо шаҳрвандон ҷанҷолу хархаша намуда, даст ба гиребон мешаванд.»
ВКД мегӯяд, маъмуронаш баъди арз кардани сокинони кӯчаи Сарварова ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, «муноқишаро бартараф намуда, вазъиятро зери назорат мегиранд.»
ВКД мегӯяд, ба ҷуз аз ҳабси маъмурии 3 нафару ҷарима бастани 6 гунаҳкори дигар ҳамчунин «нисбати 25 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, сахт огоҳонида шуданд ва бо зиёда аз 116 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуда, дар маҳаллае, ки муноқиша сар зада буд, вохӯрии фаъолони шаҳри Кӯлоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолии мазкур гузаронида шуд.»
ВКД мегӯяд, дар хонааш барпо кардани млуоқоти Кабирӣ бо ҷавонон аз тарафи Маҳмаднариф Набиев низамали ғайриқонунӣ буд ва дар ин робита ҳам «аз тарафи истиқоматкунандагони шаҳри Кулоб ба ШВКД арзу шикоятҳо ворид гардида, нисбати Раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадшариф Набиев, ки дар хонааш ҷаласаи ҳизбро гузаронидааст, бидуни талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» аз 28.06.с.2011, №735 маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди шаҳри Кӯлоб ирсол карда шудааст.»
XS
SM
MD
LG