Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Қонуни асосӣ даъвои "Ампаро"-ро беасос донист


Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон шикояти созмони "Ампаро" дар мавриди вуҷуди ихтилофот дар қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро беасос донист.

Додгоҳи қонуни асосӣ додгоҳест, ки тафтиш мекунад, ки то чӣ дараҷа қонунҳо ва кодексҳо ба банду моддаҳои Қонуни асосии кишвар мутобиқат мекунанд ва созгор мебошанд.

Ва муроҷиати созмони "Ампаро" ба таври умум ба манзури тавзеҳи бештар дар бораи бандҳои 35 ва 37 Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ буд, ки то кадом андоза ин ду банд бо Қонуни асосӣ ё Конститутсияи кишвар мутобиқат мекунанд.

Ба ин манзур Додгоҳи қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 24 июн бо дархости раҳбари созмони "Ампаро" Дилрабо Самадова то куҷо ба қонунгузории Тоҷикистон мутобиқ будани чанд банди қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба баррасӣ гирифт. Бино ба хулосаи ин додгоҳ, ки хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, "дар муқаррароти қисмҳои 1 ва 3 моддаи 35, сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ва қисми 2 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҳолатҳое ошкор нагардиданд, ки онҳо боиси поймол ё маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба ҳифзи судӣ, муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва озодии андеша гардида бошанд."

Дар ин баррасӣ, ки таҳри раисии раиси Додгоҳи қонуни асосии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам Аъзам баргузор шуд, намояндагони ваколатдори Маҷлиси намояндагон ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони вазорати адлия, Додгоҳи олӣ, Додситонии куллӣ, Шўрои адлияи ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Дилрабо Самадова, раиси созмони "Ампаро" рӯзи 25 июн дар шарҳи ин қарори Додгоҳи қонуни асосӣ гуфт, онҳо дархост карда буданд, ки моддаҳои 35 ва 37-и Қонун бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар бораи барҳам додан ва тафтиш кардани фаъолияти иттиҳодияиҳои ҷамъиятӣ баррасӣ шавад, зеро бар асоси моддаи 37 созмони "Ампаро" барҳам дода шуда буд.

Дилрабо Самадова афзуд, дар ин дархост аз додгоҳ хоста буданд, ки мутобиқати моддаҳои 34, 35 ва 37 – и Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо моддаҳои 14, 28 ва 30-и Сарқонуни Тоҷикистонро шарҳ диҳад. Хонум Самадова гуфт, ки Додгоҳи қонуни асосӣ дархости онҳо дар бораи ғайриқонунӣ будани ин ду моддаро рад карда ва гуфтааст, ки ин моддаҳо зидди қонститутсия нестанд ва онҳо бо конститутсия дуруст меоянд, лекин моддаи 37 носаҳеҳ аст ва бояд ба он таъйиру иловаҳо ворид кунанд.

Зеро дар ин мода асосҳои рӯшан барои барҳам додани ташкилотҳои ҷамъиятиро вуҷуд надорад. Дар умум, дар ин модда гуфта шудааст, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои вайрон кардани қонунгузорӣ барҳам дода мешаванд, аммо дар кадом ҳолат чунин кор бояд сурат бигирад, рӯшан баён нашудааст. Аз сӯи дигар, ваколатҳои васеъ ба мақомоти ба қайдгиранда дода шудааст, ки ба ҳар шева ва роҳ метавонанд ба фаъолияти созмон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсир бирасонад. Хоҳад барҳам медиҳад ва хоҳад иҷозаи фаъолият медиҳад.

«Масалан, дар Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ин нукта рӯшан нест, ки вазорати адлия дар кадом ҳолатҳо бояд фаъолияти созмонҳоро маҳдуд кунад. Ба назари мо, ваколатҳои вазоратро мешавад бемаҳдуд гӯем. Қонунгузории байналмилалӣ ҳам ҳаст, ки озодиҳои як созмонро ба фаъолият рӯшан мекунад. .»

29 июни соли 2012 раёсати адлияи вилояти Суғд ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи «Ампаро» даъво бурда буд, ки ин созмон Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро нақз карда, бар хилофи меъёрҳои Оинномааш суроғаи ҳуқуқиашро тағйир дода, раёсатро огоҳ накардааст, дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бидуни қайд зерсохтор кушодааст, хилофи Оинномааш сомонаи интернетӣ таъсис додааст, бидуни иҷоза дар мактабҳои миёнаи ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Чкалов дарси «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои даъватшавандагон» - ро баргузор кардааст ва ниҳоят роҳбари “Ампаро” бе таъсиси мақоми олии иҷроия, яъне раёсати созмон, қарор қабул намудааст.

«Ампаро» як созмони ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд буд, ки соли 2005 ташкил шуда, дар се самт – ҷавонон, маълулон ва сарбозон - фаъолият мекард. Ин созмон ҳар сол дар мавриди ҷалби ҷавонон ба артиш ва вазъи хизмати низомӣ дар Тоҷикистон мониторинг мегузаронд. Аз ҷумла соли 2010 як назарсанҷӣ гузаронда, эълон кард, ки 40 фоизи ҷавонони Тоҷикистон тариқи “облава” ба хидмати низомӣ ҷалб мешаванд.

Ба гуфтаи Дилрабо Самадова, комиссариатҳои ҳарбии Суғд қабл аз раёсати адлияи вилоят чанд маротиба аз ин созмон шикоят бурда буданд, аммо додгоҳ даъвои онҳоро беасос ҳисобид. Аммо пас аз даъвои раёсати адлия 24 октябри соли 2012 додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукми қатъи фаъолияти созмонро содир кард.

Додгоҳи вилояти Суғд ва додгоҳи назоратӣ низ қарори марҳалаи аввалро дуруст ҳисобиданд ва ҳоло кор ба Додгоҳи Қонуни асосӣ кашид. Қазияи манъи фаъолияти “Ампаро” ба интиқоди тунди созмонҳои байналмилалӣ дучор шуда, ҳатто соли гузашта дар иҷлосияҳои Шӯрио ҳуқуқи башари СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG