Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия аслиҳаи боқимондаи кимиёвиашро супурдааст


Муассисаи байналмилалии масъули маҳви аслиҳаи кимиёвии Сурия гуфт, ки Димишқ охирин захираи маълуми ин навъи силоҳи худро барои маҳв ба он созмон додааст. Аҳмад Узумчу, мудири Созмони Байналмилалии Манъи Истифода аз Аслиҳаи Кимиёвӣ рӯзи 23-уми июн дар шаҳри Гаага гуфт, ки 8 дар сади боқимондаи 1300 тонна аслиҳаи кимиёвии Сурияро дар бандари Лозиқия ба киштиҳо бор кардаанд. Ин аслиҳа дар баҳр нобуд карда мешавад. Аҳмад Узумчу афзуд, онҳо бо итминони комил гуфта наметавонанд, ки Сурия дигар дар ихтиёраш аслиҳаи кимиёвӣ дорад, ё не. Баъди истифода аз навъи аслиҳа дар ҷанг, ҳукумати Сурия тирамоҳи соли гузашта аз бими ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ризоият дод, ки тамоми захираҳои аслиҳаи кимиёвиашро нобуд мекунад. Бар асоси созиш ин захираҳо бояд то охири моҳи июн аз байн бурда шаванд.
XS
SM
MD
LG