Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёулҳақ Амархел аз мақомаш истеъфо дод


Зиёулҳақ Амархел, раиси Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон, баъди моҷарои дасткории натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ӯ рӯзи 23-уми июн гуфт, “ба хотири манофеъи миллӣ” аз мақомаш меравад. Абдулло Абдулло, номзади пешсафи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 14-уми июн гуфта буд, ки Зиёулҳақ Амархел, натиҷаҳои даври дуввуми интихоботро ба фоидаи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дасткорӣ кардааст. Рӯзи 22 июн ситоди интихоботии доктор Абдулло сабтеро нашр кард, ки дар он Амархел аз кормандони кумиссиёни интихобот мехост, қуттиҳои раъйдиҳиро пур карда биёранд. Аммо худи ӯ дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Уолл Стрит Ҷорнал”-и Амрико гуфтааст, ки чунин сӯҳбатеро дар ёд надорад. Доктор Абдулло гуфта буд, ки натиҷаҳои интихоботро намепазирад ва аз Созмони Милал хост, ҷараёни шумориши орои интихоботро назорат кунад. Ӯ, ки ҳамкорӣ бо Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистонро қатъ кард, рӯзи 23-уми июн гуфт, ки “акнун дар барои гуфтугӯ боз шудааст”.
XS
SM
MD
LG