Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ бо Нурӣ ал-Моликӣ гуфтугӯ кард


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ мулоқот кардааст то аз ӯ бихоҳад, ки аз ҳисоби қавму миллиятҳои кишвар ҳукумати сарҷамъе ташкил диҳад. Ҷон Керрӣ гуфт, ки мулоқоти тақрибан ду соаташ бо Нурӣ Моликӣ “хуб” будааст. Сафари Ҷон Керрӣ, тақрибан ду ҳафта баъд аз он ба Ироқ сафар мекунад, ки ҷангҷӯёни созмони ифротии Давлати исломии Ироқ ва Шом манотиқи васеъи шимолу ғарби Ироқ, аз ҷумла манотиқи марзӣ бо Сурияро ишғол карданд. Ҷон Керрӣ рӯзи 22-уми июн дар шаҳри Қоҳира гуфт, Амрико мехоҳад, мардуми Ироқ раҳбаронеро пайдо кунанд, ки аз аз ҳамаи онҳо намояндагӣ кунад. Аксарият дар ҳукумати Ироқ шиамазбҳабанд ва суннимазҳабон мегӯянд, ки онҳо дар ҳошия қарор гирифтаанд. Рӯзи 23-уми июн генерал Қосим Ато, як сухангӯи артиши Ироқ гуфт, ки дар ҷанг бо тундравон садҳо сарбози ироқӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG