Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари тоҷикон ба Русия сахттар мешавад?


Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, қарореро имзо кард, ки бар асоси он шаҳрвандони Тоҷикистон сар аз соли 2015 ҳақ надоранд, бо шиносномаи дохилӣ ба Русия сафар кунанд. Матни қарори мазкурро рӯзи 23-уми июн дар вебсайти ҳукумати Русия нашр карданд. Сар аз соли оянда ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо шиносномаи хориҷӣ ба Русия сафар кунанд. Қарори мазкур бешак ба сафари садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки барои кор ба Русия мераванд, асар хоҳад гузошт. Давлати Русия қаблан эълон кард, муқаррароти сафар барои шаҳрвандони он кишварҳои шӯравии собиқро, ки узви Иттиҳоди Гумрукӣ нестанд, сахттар мекунад.
XS
SM
MD
LG