Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯён 23 зиндонии ироқиро куштаанд


Ҷангҷӯён дар Ироқ бо ҳамла ба корвони мошини зиндониён дар шаҳри Бағдод 23 нафари онҳоро куштаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки зимни муқовимати маъмурони пулис ба ҷангҷӯён ҳафт тани онҳо кушта шудаанд. Ин зиндониёнро ба шаҳри Ҳилла мебурдаанд ва ҳоло маълум нест, ки чӣ гуна онҳо ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтод, ки тундравони суннимазҳаб манотиқи васеъи шимоли Ироқро ишғол карда ва ба самти Бағдод ҳаракат доранд.
XS
SM
MD
LG