Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷаро сари интихоботи Афғонистон авҷ мегирад


Тими интихоботии Абдулло Абдулло, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон, сабти як сӯҳбатеро нашр кард, ки дар он мақомоти интихоботӣ доир ба дасткории натиҷаҳои сӯҳбат мекунанд. Дар ин сабти садоӣ, Зиёулҳақ Амирхел, раиси Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон ба кормандони ин кумиссиён мегӯяд, ки “гӯсфандҳоро ба кӯҳҳо бурда, фарбеҳ баргардонанд”. Манзур аз ин гуфта, зоҳиран пур кардани қуттиҳои оро аст. Дар ин навор Зиёулҳақ Амирхел ба намояндаи Ашраф Ғанӣ итминон медиҳад, кормандони кумиссиён тарафдори ӯ хоҳанд буд. Доктор Абдулло гуфтааст, ки Кумиссиёни мустақили интихобот натиҷаҳои интихоботи рӯзи 14-уми июнро ба нафъи рақиби ӯ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, вазири собиқи молия дасткорӣ мекунад. Доктор Абдулло гуфтааст, ки натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунад ва аз Созмони Милал хостааст, ҷараёни шумориши ороро назорат кунад.
XS
SM
MD
LG