Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз иқдоми Порошенко ҳимоят кардааст


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз эълони оташбаси якҷонибаи Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ҳимоят кардааст, вале гуфтааст, ки ин кор бе муколама бо ҷудоихоҳон маънӣ надорад. Дар як суханронии телевизионӣ дар рӯзи 22-уми июн Владимир Путин ҳамчунин гуфт, ҳамон шаб аз тарафи аз тарафи Украина аз тӯпхона тирандозӣ шудааст ва баъзе аз онҳо дар хоки Русия афтодаанд. Петро Порошенко рӯзи 20-уми июн ба шарти ба замин гузоштани аслиҳа амалиёт алайҳи ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи Украинаро боздошт. Вале гуфт ӯ, агар дар ин муддат ҷудоихоҳон аслиҳаашонро ба замин нагузоранд, кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG