Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ бо раҳбарони Ироқ машварат мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 23-уми июн барои машварат бо раҳбарони Ироқ, ки хатари бузурге ба истиқлоли он таҳдид мекунад, вориди Бағдод шуд. Сафари Ҷон Керрӣ, тақрибан ду ҳафта баъд аз он ба Ироқ сафар мекунад, ки ҷангҷӯёни созмони ифротии Давлати исломии Ироқ ва Шом манотиқи васеъи шимолу ғарби Ироқ, аз ҷумла манотиқи марзӣ бо Сурияро ишғол карданд. Қарор аст, вазири умури хориҷии Амрико аз раҳбарони шиамазҳаби Ироқ бихоҳад, аз ҳисоби шиъаву сунниҳо ва қавмҳои мухталиф ҳукумати сарҷамъе ташкил кунад. Ба гуфтаи мақомоти расмии Амрико, Амрико аз Нурӣ ал-Моликӣ нахуствазири Ироқ намехоҳад, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Ҷон Керрӣ рӯзи 22-уми июн дар шаҳри Қоҳира гуфт, Амрико мехоҳад, мардуми Ироқ раҳбаронеро пайдо кунанд, ки аз аз ҳамаи онҳо намояндагӣ кунад. Аксарият дар ҳукумати Ироқ шиамазбҳабанд ва суннимазҳабон мегӯянд, ки онҳо дар ҳошия қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG