Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲКТ хостори афроштани муҷассамаи «Ваҳдати миллӣ» шуд


Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо баргузории як ҳамоиш дар минтақаи Кӯлоб зимни пешниҳод ба унвонии президенти Тоҷикистон, хостори барафроштани муҷассамаи «Ваҳдати миллӣ» дар пойтахти кишвар шуд. Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 23 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар Кӯлоб нишасти васеъи ҳизб бо ширкати беш аз 100 нафар аъзои он баргузор шуд.
Вай афзуд, ки ин ҳамоиш ба муносибати таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд ва дар он оид ба роҳҳои расидани ба рузи Ваҳдати миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба сулҳи тоҷикон баҳсҳо сурат гирифт. Дар поёни ин нишаст коммунистҳо як муроҷиатнома ба номи перзиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул карданд, ки дар он эъмори як муҷасаммаи рамзии Рӯзи ваҳдати миллӣ пешниҳод карда шуд. Дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки дар рӯзҳои муҳими кишвар ва ҳангоми сафари меҳмонони бонуфузи хориҷи назди он гулгузорӣ карда шавад. Ҷаноби Талбаков мегӯяд, ҳатто хонаводаҳои ҷавон дар рӯзи ақди никоҳ ба нишони рамзи сулҳу ваҳдат метавонанд дар рӯ ба рӯи он гулгузорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG