Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳдудият дар рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия


Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев зери санаде имзо гузоштааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои дохилӣ наметавонанд вориди ин кишвар шаванд.

Дар сомонаи ҳукумати Русия 23-юми июн хабар доданд, ки «Ҳукумати Русия бо кишварҳои узви ИДМ (ғайр аз кишварҳои узви Иттиҳодияи гумрукӣ) музокира кардааст ва на дертар аз соли 2015 низоми рафтуомади шаҳрвандони ин кишварҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад».

Дар ин асос қарор қабул шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои омаду рафт ба Русия бояд танҳо шиносномаи хориҷӣ, хизматӣ, шиносномаҳои дипломатӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон дошта бошанд.

Қаблан шарҳвандони Тоҷикистон метавонистанд ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ ва кӯдакони зери 16-сола бо шаҳодатномаи таваллуд раванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз моҳи октябри соли 2013 Маскав санадеро имзо карда буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд то ба 3 сол худро дар қайди Русия гузоранд. Ин қарор ҳамчун сабукӣ барои муҳоҷирони тоҷик унвон мешуд. Қарори мазкур яке аз санадҳое буд, ки Тоҷикистон дар ивази он иҷозат дод 49-соли дигар пойгоҳи ҳарбии 201-и ин кишвар дар хоки Тоҷикистон бидуни пардохти иҷора боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG