Пайвандҳои дастрасӣ

Фавти ду зиндонӣ дар беморхонаи маҳбасҳо дар Ваҳдат


Мақомоти раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати дар шаҳри Қӯрғонтеппа фавти як маҳбусро таъйид карданд. Файзуллоҳ Холов, прокурори муассисаи ислоҳии низомаш махсуси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳалокати як зиндонии ин маҳбас ҳини интиқол ба Душанберо тасдиқ кард. Тибқи хабарҳои дарёфтӣ, ду зиндонии маҳбаси Кӯрғонтеппа ҳини интиқол ба Душанбе аз гармии шадид осеб дида ва дар бемористони маҳбаси Ваҳдат даргузаштаанд. Як маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш ошкор шавад, имрӯз бо 23 июн ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи шанбе ҳангоми интиқоли маҳбусҳо аз маҳбаси Қӯрғонтеппа ба СИЗО-и Душанбе, бар асари гармои шадид ва тангии дохили мошин, ду маҳбус саломатии худро аз даст додаанд ва дар вақти бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳбасҳо дар ноҳияи Ваҳдат, ҷон бохтанд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки номи яке аз ин маҳбусҳо Асадбек Шодмонбеков мебошад, ки барои қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд. Маҳбуси дуввум, ки ҳанӯз номаш рӯшан нест, 6 моҳ дар маҳбаси Қӯрғонтеппа давраи ҷазои худро паси сар мекард. Як намояндаи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки танҳо пас аз таҳқиқ дар ин маврид, маълумот ироа хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG