Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои Зиёулҳақ Амархел дар пайи моҷарои "гӯсфандон"


Зиёулҳақ Амархел ба дунболи нашри як навори савтӣ аз мақомаш ба истеъфо рафт.

Зиёулҳақ Амархел ба дунболи нашри як навори савтӣ аз мақомаш ба истеъфо рафт.

Зиёулҳақ Амархел, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба дунболи нашри як навори савтӣ, ки аз даст доштани ӯ дар тақаллуб ҳикоят мекард, аз мақомаш истеъфо дод.

Дар як нишасти хабарии Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, ки баъд аз зуҳри рӯзи душанбе доир шуд, раиси ин комиссия Аҳмад Юсуф Нуристонӣ истеъфои Зиёулҳақ Амархелро эълон кард.

Оқои Амархел дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки бидуни ҳеҷ фишор аз мақомаш ба хотири манофеи миллӣ истеъфо додааст. Ӯ гуфт, ки "мехоҳам дасисаи зидди ман дар комиссияи шикоятҳои интихоботӣ баррасӣ шавад". Ӯ афзуд, ки таърих дар мавриди ӯ қазоват хоҳад кард. Вай гуфт: "Имрӯз бо орзуи беҳбуди кишвар, беҳбуди зиндагии мардуми Афғонистон, ман хостори раванди боварофаринӣ ва умумимиллӣ боқӣ мондани сомзонҳои умумимиллӣ дар баробари мардуми Афғонистон ва дар баробари раҳбарияти Кумиссюни Мустақили Интихоботӣ расман аз вазифаи худ истеъфо медиҳам."

Зиёулҳақ Амархел навори савтии нашршударо аз сӯи ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ радд карда ва онро сохта донистааст.

Дар ҳамин ҳол доктор Абдуллоҳ, ки дар толори дигаре дар Кобул дар рӯбарӯи хабарнигорон сӯҳбат мекард, бо шунидани хабари оқои Амархел, аз он истиқбол кард. Истеъфои раҳбари дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон яке аз шартҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои пайвастани дубораи ӯ ба раванди интихобот буд. Доктор Абдуллоҳ гуфт, ҳар кас масъули тақаллуби густурда дар интихоботи ин кишвар аст, бояд мавриди пайгарди қонунӣ қарор бигирад.

Доктор Абдуллоҳ ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки ӯ ҳанӯз ба мизони мушорикати мардум, ки масъулони Комиссияи мустақили интихобот эълон карданд, бовар надорад ва он механизми шумориши ороро бо СММ матраҳ хоҳад кард. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мизони мушорикати мардумро беш аз 7 миллион эълон кард, ки он мавриди шак ва тардиди тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ қарор гирифт.

Истеъфои раҳбари дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихобот дар ҳолест, ки ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи якшанбе навори аудиоиеро нашр кард, ки бар пояи он як узви баландпояи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба тақаллуби густурда даст задааст. Тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи гузашта дар нишасти хабарӣ навори савтиии 13 дақиқаиро ба нашр расонд, ки ҷараёни гуфтугӯи Зиёулҳаққ Амархел, раиси дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистонро нишон медиҳад, ки бо шуморе аз аъзои тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай -- номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, сӯҳбат мекунад.

Бирёли Арсало, як масъули тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, "ба ҳайси як санади аввалия барои шумо СД аз мақомоти Комиссияи мустақили интихоботро нишон медиҳам, ки дар он гуфтугӯи телефонии як мақоми баландпояи Комиссияи мустақили интихобот сабт шудааст. Ин мақом дар мавридҳои мухталиф мақомоти ҳукуматиро сафарбар карда ва ба кормандони худ дастур дода ва раҳнамоӣ кардаст, то ба нафъи як номзади мушаххас кор кунанд."

Дар бахши дигари ин навори савтӣ, ба як масъули баландпояи комиссия супориш дода мешавад, ки "гӯсфандон"-ро ба кӯҳҳо бурда ва "фарбеҳ" баргардонанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ситоди ӯ ба ин бовар ҳастанд, ки манзури ӯ, бурдани сандуқҳои холӣ ва пур кардани онҳо ба фоидаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай мебошад.

Дар яке аз ин садоҳои сабтшуда, ки гуфта мешавад садои Амархел аст, ӯ ба раиси минтақавии Комиссияи интихоботи вилояти Форёб гуфтааст, ки ҳамаи кормандонашро барканор ва бо кормандони паштун ва узбак табдил диҳад.

Тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ин бовар аст, ки ин садои Зиёулҳаққ Амархел, раҳбари дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон аст, аммо нагуфт, ки онҳо ин садоҳоро чигуна сабт намудаанд. Аммо масъулони Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон то ҳол дар мавриди ин наворҳо изҳори назар накарданд.

Радиои Озодӣ талош кард то бо Зиёулҳаққ Амархел, раиси дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ва дигар масъулони ин ниҳод тамос бигирад, то посухи онҳоро дар мавриди нашри ин садо ба даст оварад, аммо муваффақ нашуд.

Дар ҳамин ҳол масъулони ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин нишасти хабарӣ ваъда додаанд, ки онҳо дар чанд рӯзи оянда асноди бештарро дар бораи тақаллуби густурда дар интихобот дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАР БОРАИ ДАР ИН НАВОР АЗ ТВ "ТУЛӮЪ"

http://www.youtube.com/watch?v=UqZRIu2zKYw

Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба дунболи иддаои ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз тақаллуби густурда дар даври дувуми интихобот, ба бунбаст рӯ ба рӯ шудааст. Тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ пас аз чанд рӯзи интихобот ҳама нозирони худро аз комиссияҳои интихоботӣ фаро хонд ва хостори барканории Зиёулҳаққ Амархел аз мақомаш ва ҳамчунин хостори тавзеҳ дар мавриди мизони мушорикати мардум дар интихобот шуда буд. Комиссияи мустақили интихобот ин талаби Абдуллоҳ Абдуллоҳро напазируфт ва тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ҳам эълон кард, ки натиҷаҳои кори комиссияро қабул надорад.

Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июн баргузор шуд ва дар он ду номзад Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ҳам рақобат карданд. Қарор буд, ки натиҷаҳои интихобот ду ҳафта баъд аз баргузории интихобот эълон шаванд, вале ба дунболи печидагиҳо ахир, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълони онро ба вақти номаълум ба таъхир гузоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG