Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: Амрико барои бӯҳрони Ироқ масъул нест


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, Вашингтон мехоҳад ироқиҳо раҳбареро пайдо кунанд, ки аз тарафи ҳамаи мардуми Ироқ намояндагӣ кунад, аммо Амрико барои Ироқ раҳбар интихоб намекунад.

Ҷон Керрӣ 22 июн дар оғози силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои Ховари Миёна дар Қоҳира-пойтахти Миср ҳар гуна иттиҳмотро рад кард, ки гӯё Амрико масъули ташдиди муноқишаҳои мазҳабӣ дар Ироқ бошад.

Керрӣ гуфт, он чӣ имрӯз дар Ироқ мегузарад, натиҷаи “ороиши террористии давлати Ироқ” тавассути гурӯҳи ҷудоихоҳони Ал Қоида ё Давлати исломии Ироқ ва Шом мебошад. Вай аз раҳбарони Ироқ хост, ки худро “болотар аз ҳар гуна баррасиҳои мазҳабӣ бигиранд”.
XS
SM
MD
LG