Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманеӣ бар зидди дахолат ба Ироқ сӯҳбат кард


Алӣ Хоманеӣ

Алӣ Хоманеӣ

Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон бар зидди мудохилаи Амрико ва ё ҳар кишвари дигар дар умури Ироқ ҳушдор додааст ва гуфтааст, ки худи ироқиҳо метавонанд дар кишвари худ ба хушунату даргириҳо хотима диҳанд.

Матбуоти Эрон 22 июн аз номи Хоманеӣ навиштааст: «Мо бовар дорем, ки ҳукумати Ироқ, миллат ва раҳбарони мазҳабии он тавони поён додан ба ин беназмиҳоро доранд».

Хоманеӣ гуфтааст, «баҳси аслӣ миёни ононест, ки мехоҳанд Ироқ бо Амрико дар як гурӯҳ боқӣ бимонад ва ё Ироқ давлати мустақил бошад».

Чунин ба назар мерасад, ки Хоманеӣ аз ном бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи пайравони суннӣ аз Давлати Исломии Ироқ ва Шом худдорӣ кардааст. Ин гурӯҳ то ҳол шаҳрҳои муҳими Ироқро дар шимоли кишвар ба тасарруфи худ даровардааст.
XS
SM
MD
LG