Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи абрешим ба феҳристи мероси фарҳангии СММ дохил шуд


Роҳи Абрешим ба феҳристи мероси ҷаҳонии бахши ЮНЕСКО-и СММ ворид шуд. 22 июн дар Доҳа-пойтахти Қатар дар иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар ин бора тасмим гирифта шуд. Роҳи бузурги Абрешим чун мероси ҷаҳонӣ ба СММ аз тарафи Чину Қазоқистон ва Қирғизистон пешниҳод шуда буд.

Ин роҳи маъруфи таърихӣ ва корвонгузар дар қуруни вусто Осиёи шарқиро бо баҳри Миёназамин васл мекард ва он аз Тоҷикистон низ мегузашт ва аз Помир ба водии Фарғона мерафт ва давлатҳои Бохтариёну Ашкониён ва Ҳиндустонро бо Ховари Миёна пайваст мекард. Роҳи мазкур дар қарни 2-и милодӣ ба вуҷуд омада буд.

Ин роҳ барои рушди иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангии мардумони ин минтақаҳо нақши бориз доштааст. Иҷлоси 38 ЮНЕСКО то 25 июн давом мекунад.
XS
SM
MD
LG