Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қуқанд аз зери замин 13,5 кило тилло ёфтанд


Дар Узбакистон кормандони шабакаи обрасонии (водоканал) Қуқанди вилояти Фарғона ҳангоми иваз кардани лулаҳои фозилобӣ ё канализатсия як пораи 13,5 килоии тилло ёфтаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Дар хабарҳо омадааст, ки ин пораи тилло ба хишт шабоҳат дорад ва рӯи он навиштае ҳам ҳаст, ки гӯё онро то ҳол нахондаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин пораи тилло дар зери хок хеле зиёд хобидааст. Ин пораи тиллоро 5 коргар пайдо кардаанд ва онро ба ниҳодҳои умури дохила супурдаанд.

Шаҳри Қуқанд дар вилояти Фарғона аз соли 1709 маркази хонигариҳои Фарғона буд ва аз ду қисм, яъне аз шаҳри нав ва кӯҳна иборат аст. Дар қисмати кӯҳна то ҳол қасри хонигарӣ бо номи Урда, мадрасаҳову масҷидҳо ва сохтмонҳои таърихӣ боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG