Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони Чин эътирофоти як гумонбарро намоиш дод


Телевизиони давлатии Чин ягона шахси ҷон ба саломат бурдаи оминони ҳамлае дар ғарби Чинро намоиш дод. Вай иддао мекард, ки таблиғоти аъзои як гурӯҳи мусаллаҳи ҷиҳодӣ ба вай таъсир расондааст. Шабакаи телевизионӣ аз ин шахс Муер Жатӣ ном бурд ва вай ба забони уйғурӣ сӯҳбат мекард.

Жатӣ яке аз аъзои ин гурӯҳи сенафарӣ мебошад, ки дар шаҳри Ҳотан 15 июн ба утоқи бозиҳо ворид шуд ва бо корду табар ба бозигарони маҳҷонг (бозии чиноӣ) ҳамла бурд.

Бозигарон ҳамлаи онҳоро баргардонданд ва ҳамлакунандагон аз утоқ баромаданд ва мехостанд по ба фирор ниҳанд, вале дар берун мардум бо чӯбдастҳо нагзоштанд, ки онҳо фирор кунанд. Ду ҳамлакунанда кушта шуданд, вале маълум набуд, ки онҳоро мардум куштанд ё нируҳои амниятӣ.

Жатӣ мегӯяд, раҳбари гурӯҳ вайро ташвиқ кардааст, ки агар вай дар ҷиҳоди муқаддас ширкат кунад, мустақиман ба биҳишт меравад.
XS
SM
MD
LG