Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷаи Амрико вориди Миср шуд


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ғайримунтазира вориди Қоҳира-пойтахти Миср шуд, то бо Абдулфаттоҳ Сисӣ-раиси ҷумҳури нави ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кунад. Баъди расидани Сисӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ Ҷон Керрӣ болотарин мақоми Амрикост, ки бо вай мулоқот анҷом медиҳад.

Бино ба гузориши вазорати корҳои хориҷаи Амрико, қарор аст Ҷон Керрӣ дар дидор бо Сисӣ вазъи сисёсии Миср, муноқиша дар Сурияву Ироқро баррасӣ кунад.

Ҳамзамон дар гузоришҳо аз Вашингтон аз қавли мақомоти расмӣ гуфта мешавад, ки Амрико як кӯмаки 572 миллион долларӣ ба Мисрро ба тасвиб расондааст. Ин маблағ нахустин бахш аз 1,5 миллиард доллар кӯмакҳои аслан низомист, ки ба ҳукумати Миср пешниҳод шуда буд, то ислоҳоти демократӣ анҷом диҳад. Вале ин кӯмак моҳи октябри соли гузашта ба ҳолати рукуд даромада буд.
XS
SM
MD
LG