Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъоли ҳуқуқи башари Беларус аз зиндон раҳо шуд


Алес Бяляцки

Алес Бяляцки

Бино ба гузориши бахши беларусии радиои Озодӣ, Алес Бяляцки-фаъоли ҳуқуқи башари Беларус баъд аз раҳоӣ аз зиндон ба Минск баргаштааст. Вайро дар истгоҳи роҳи оҳан хонумаш Наталия Пинчук ва гурӯҳе за ҷонибдоронаш 21 июн пазироӣ карданд. Бяляцки ба рӯзноманигорон гуфт, вай бар асоси қонуни афв раҳо шудааст ва ин қонун 21 июн эътибор пайдо кардааст.

Бяляцки раҳбари маркази иҳуқуқи башари Беларус бо номи «Виасна» мебошад ва моҳи ноябри соли 2011 4,5 сол маҳкум ба зиндон шуда буд. Вайро барои пардохт накардани молиёт ба зиндон андохта буданд.

Бяляцки барои кӯмакҳои байналмиллалӣ ба марказаш аз ҳисобҳои бонкии шахсии худ дар Литва ва Полша истифода кардааст. Вай худро гунаҳгор намедонад ва ҷонибдоронаш мегӯянд, ки иттиҳомоти зидди вай ангезаи сисёсӣ дошт.
XS
SM
MD
LG