Пайвандҳои дастрасӣ

Тими футболи «Истиқлол»-и Душанбе шоми шанбеи 21-уми июн дар меҳмонӣ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд.

Шоми шанбеи 21-уми июн бо бозиҳои даври 9-ум марҳалаи аввали мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ поён ёфт.

Дар ин бозӣ «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе – бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ аз тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Бозии «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо дастаи меҳмон - «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан – бо ҳисоби мусовии 2-2 хотима ёфт.

“Истиқлол”, ки дар ҷадвали мусобиқот бо 25 имтиёз пешсаф аст, ягона дастаест бохт надорад ва дар давраи аввал барои рақибонаш дастнорас гашт.

Барои ҷойҳои дувуму севум се даста - «Хуҷанд», «Парвоз» ва «Хайр» - талош доранд. «Хайр» баъди пирӯзӣ бар яке аз рақибони аслиаш - «Хуҷанд» - бо 16 имтиёз ба ҷойи дувум баромад. «Парвоз» низ 16 имтиёз дорад ва бо назардошти таносуби тӯбҳо дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани «Истиқлол», дар ҷойи аввал мебошад. Вай ҳамагӣ 9 гол задааст, ки ин аз рақибони наздиктаринаш 2 гол зиёд аст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Натоиҷи бозиҳои даври 9-ум
21 июн, шанбе

«РАВШАН» - «ЭНЕРГЕТИК» - 0-2
Голҳо: Феликс Баффое, 36 (0:1). Шавкати Ҳотам, 87 (0:2).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

«ПАРВОЗ» - ССКА «ПОМИР» - 2-1
Голҳо: Алия Силла, 53 (0:1). Илҳом Баротов, 81 (1:1). Илҳом Баротов, 87 (2:1).
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».


«ХАЙР» - «ХУҶАНД» - 2-0
Голҳо: Баҳодур Шарифов, 30 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 90+2 (2:0).
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

«ВАХШ» - «ИСТИҚЛОЛ» - 0-3
Голҳо: Даврон Мирзоев, 35 (0:1). Умедҷон Шарифов, 44 (0:2). Комил Саидов, 69 (0:3).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».


«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - 2-2
Голҳо: Абдурасул Раҳмонов, 10 (1:0). Абдусамад Ҳоҷибоев, 51 – аз пеналтӣ (1:1). Фирӯз Раҳматов, 54 (2:1). Давронҷон Тухтасунов, 81 (2:2).
Аз майдон хориҷ шуданд: Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»), Абдусамад Ҳоҷибоев («Далерон-Ӯротеппа»), 90+1 – ҳарду барои таҳқири рақиб, Далер Шомуродов («Регар-ТадАЗ»), Зафар Додоев («Далерон-Ӯротеппа») – ҳарду барои занозанӣ бо ҳам баъди ҳуштаки ниҳоӣ.
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)981035-425
2«Хайр» (Ваҳдат)951314-1116
3«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)951315-1616
4«Хуҷанд» (Хуҷанд)943211-1215
5«Энергетик» (Душанбе)942311-814
6«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)933314-1212
7«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)93338-812
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)92163-11 7
9«Равшан» (Кӯлоб)920711-29 6
10ССКА «Помир» (Душанбе)91175-164

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 7-тӯбӣ, Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд»), Илҳом БАРОТОВ («Парвоз») – 4 -тӯбӣ, Фарҳод ТОҲИРОВ, Комрони МИРЗОХОН, Юсуф РАБИЕВ (ҳарсе – «Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ, Умедҷон ШАРИФОВ (ҳарсе – «Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG