Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравони Муқтадо Садр тавоноӣ нишон доданд


Ҳазорон нафар аз размандагони пайрави Муқтадо Садр, рӯҳонии бонуфузи шиамазҳаб дар Ироқ бо ҳадафи нишон додани зӯри бозу дар шаҳри Бағдод раҳпаймоӣ карданд. Ин размандагони мусаллаҳ бо гранатамёту дигар нави силоҳҳо аз кӯчаҳои маҳаллаи Садр дар пойтахти Ироқ гузаштанд. Айни раҳпаймоӣ дар шаҳрҳои дигар дар Басраву Наҷаф ва Кут сурат гирифт. Намоиши қудрати размандагони шиамазҳаб дар ҳоле сурат мегирад, ки тундравони суннимазҳаби шарики Ал-Қоида манотиқи васеъи шимоли Ироқро ишғол кардаанд ва танишҳои мазҳабӣ дар кишвар авҷ гирифтааст. Бино ба гузориҳо, ҷангҷӯни созмони Давлати исломии Ироқ ва Шом рӯзи 21-уми июн гузаргоҳи Ал-Қайм дар марз бо Сурияро ишғол кардаанд. Хашми мардуми суннимазҳаби Ироқ аз сиёсатҳои ҳукумати аксаран шиамазҳаб сабаби тарафдории суннимазҳабон аз созмони тундрав шудааст.
XS
SM
MD
LG