Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳимзода: "Мошиндуздонро дар дигар ҷой биҷӯед"


Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйид кардааст, ки аз соли 2011 то кунун дар кишвар 123 мошини дуздӣ пайдо кардаанд, ки 78-тои онро аз Олмон рабудаанд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 21 июн дар мусоҳиба бо чаҳор хабарнигори олмонӣ гуфтааст, баъди ошкор шудани мошинҳои дуздӣ ҳамагуна сабти расмии мошинҳои дуздӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст. Вазири умури дохилӣ гузориши рӯзномаи “Билд”-и Олмонро, ки чанд моҳ пеш нашр шуд, беасос хондааст. Ин рӯзнома дар мақолае, ки баҳси зиёдеро барангехт, навишт, ки дар Тоҷикистон 200 мошини гаронқиммате дуздие аст, ки аз Олмон бурдаанд ва ин мошинҳо ба баъзе аз наздикон ва ё атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ доранд. Рамазон Раҳимзода гуфтааст, аз 78 мошини дуздие, ки аз Олмон ба Тоҷикистон расидааст, ҳеҷ кадоме аз онҳо “ба наздикони аъзои ҳукумат” тааллуқ надоранд. Вазири умури дохилӣ гуфтааст, ки мошинҳои хориҷие, ки аз Аврупо ба Тоҷикистон оварда мешаванд, роҳи тӯлонии тақрибан 7 ҳазор километриро тай мекунанд. Дар иттилоияи катбие, ки вазорати умури дохилӣ рӯзи 21-уми июн нашр кард, омадааст, агар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мошини дуздиро харида бошанд, ҳеҷ иртиботе ба сохтакории санадҳои онҳо надоранд ва “харидори бовиҷдон” ба ҳисоб мераванд. Дар иттилоия омадааст, Тоҷикистон танҳо соли 2014 ба Бюрои Миллии Марказии Интерпол дар Висбадени Олмон доир ба 21 адад мошини рабудашуда иттилоъ хостааст, вале то кунун посухе аз ин бюрои пулиси байналмилалӣ нагирифтааст. Мақомоти вазорат айни замон изҳори ҳайрат кардаанд, ки чаро “Автомашинаҳои рабудашуда, тавассути системаи GPS, баъди ду-се моҳи дуздида шуданашон муайян карда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ ҳангоми гузаштани сарҳадҳои як қатор давлатҳо мақомотҳои дахлдор аз ҷумла (политсия, гумрук ва ғайра) пеши роҳи мошинрабоёнро намегиранд.”
XS
SM
MD
LG