Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлае дар Шинҷон 13 нафар кушта шуданд


Дар ҳамлае ба идораи пулис дар вилояти Шинҷони Чин 13 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории Синхуа гузориш дод, ки дар ин ҳамла дар субҳи рӯзи 21-уми июн се маъмури пулис захм бардоштаанд. Бар тибқи навиштаи вебсайти ҳукумати Шинҷон афроди ҳамлавар як ё ду мошини бомбгузоришударо ба бинои идораи пулис равона карда ва сипас онро таркондаанд. Тайи моҳҳои ахир нооромӣ дар Вилояти Шинҷон, ки аксарияти аҳолиаш уйғӯрҳои мусулмонанд бештар шудааст. Моҳи гузашта дар бомбгузорие дар бозори шаҳри Урумчӣ маркази вилояти Шинҷон, 43 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG