Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои Русия дар ҳоли омодабоши ҷангӣ


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои озмоиши ногаҳонии нерӯҳои кишвараш ба воҳидҳои низомии манотиқи марказии Русия амр додааст, дар ҳоли “омодабоши комили ҷангӣ” бошанд. Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия гуфт, ҳолати омодабоши ҷангӣ то рӯзи 28-уми июн идома мекунад. Ба гуфтаи Валерий Герасимов, сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия, дар муддати як ҳафта размоиш бо ширкати 65 ҳазор сарбоз ва аз ҷумла нерӯҳои ҳавоӣ сурат мегирад. Дар ин тамринҳо, 180 ҳавопаймои ҷангӣ, 60 чархбол ва 5500 тонку тӯпхонаву мошинҳои зиреҳпӯш ба кор бурда мешавад. Пеш аз эълони ин тамринҳо, паймони НАТО гуфт, ки Русия тақвияти нерӯҳояш дар марз бо Украинаро аз сар гирифтааст.
XS
SM
MD
LG