Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон бо Аргентина вориди майдон мешавад ва...


Дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилия имрӯз, 21-уми июн тими миллии Эрон бо дастаи тавонову бомаҳорати Аргентина дар шари Бело Ҳоризонте нерӯ меозмояд. Карлос Куероз, мураббии футболбозони эронӣ гуфтааст, ки ба тими Эрон муҳим аст, ки дар ин бозӣ бо тамарккуз ва низом бозӣ карда ва ба Леонел Месси, иҷоза надиҳанд, ки озодона бозӣ кунад. Дар бозии дигари гурӯҳи F дастаи Босния ва Ҳерзеговина бо тими Нигерия вориди майдон мешавад. Дар ин гурӯҳ Аргентина бо се имтиёз дар мақоми аввал аст ва Эрон бо Нигерия, ки бозиашонро мусовӣ карданд, як имтиёзӣ ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG