Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи Алексей Навалнийро ҷустуҷӯ карданд


Мумкин аст, Александр Навалний, яке аз пешвоёни мухолифони давлат ва мунтақиди тундлаҳни ҳукумати Русияро ба ҷиноятҳои дигар муттаҳам кунанд. Мақомоти интизомии Русия рӯзи 20-уми июн хонаи ӯро ҷустуҷӯ карданд ва чанд соат баъд Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ки дар хонаи Алексей Навалний як аксеро пайдо кардаанд, аз кӯчае дар шаҳри Владимир дуздида шудааст. Вадим Кобзев, вакили дифои Алексей Навалний гуфтааст, ки акси мазкурро ҳадя гирифта буд ва амалкарди мақомоти интизомӣ як талоши дигаре барои фишор ба зерҳимояти ӯст. Алексей Навалний соли 2013 бар асоси парвандаи дигар ва бо гуноҳи тақаллуби молӣ ба 5 соли шартии зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG