Пайвандҳои дастрасӣ

Се кишвар ба Русия ҳушдор доданд


Амрикову Фаронсаву Олмон мегӯянд, агар Русия барои фурӯ нишондани бӯҳрон дар марзи Украина иқдом накунад, мумкин аст, алайҳи он кишвар таҳримоти нав эъмол кунанд. Кохи Сафед бо нашри баёнияе гуфт, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора бо Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Сӯҳбати онҳо дар замоне сурат гирифт, ки гуфта мешавад, Русия дар марз бо Украина тонку тупхона ҷойгир кардааст ва шояд ин аслиҳаро ба ҷудоихоҳон дар Украина бидиҳад. Дар ҳамин ҳол вазорати молияи Амрико алайҳи ҳафт пешвои ҷудоихоҳони Русиягаро дар Украина таҳрим эъмол кардааст. Петро Порошенко, рӯзи 20-уми июн амр дод, нерӯҳои кишвараш як ҳафта амалиёт алайҳи ҷудоихоҳонро қатъ кунанд, вале гуфт ӯ, агар дар ин муддат онҳо аслиҳаашонро ба замин нагузоранд, кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG