Пайвандҳои дастрасӣ

Театри "Аҳорун" баъд аз таъмир дубора фаъол шуд


Имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз таъмир дубора театри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард.

Аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар доданд, ки мирӯз 21-уми июн Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти дубораи ин бино бо сифати нав ва бо 200 ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшид.

Бинои театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Маҳмудҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун, чанд сол боз дар ҳолати ногувор ва валангорӣ қарор дошт.

Тибқи иттилои манбаъ "Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки саҳми эҷодкорони театри Аҳорун минбаъд дар тарбияи завқу салиқаи баланди мардуми фарҳангдӯсти мо бештару беҳтар мегардад."

Дар маросими дубора ба фаъолият оғоз кардани ин театр санъаткорони театри Аҳорун порчаеро аз намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” пешкаш намудаанд. Ҳоло гуфта мешавад аксари кормандони 80-нафараи ин театрро ҷавонон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG