Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар шаҳри Норак ба Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон омодагӣ мебинад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон-2014 аз 25-ум то 29-уми июн дар шаҳри Остона баргузор мешавад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Испания, Эрон ва Озарбойҷон рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Гурҷистон, Қирғизистон, Чин ва Қазоқистон дохиланд.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии Салоҳиддин Ғафуров то 22-юми июн идома хоҳад кард. Ба ин ҷамъомад 24 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд. Ба дархости ниҳоии даста аз ин ҳайат танҳо 18 нафар шомил мешаванд.

Футболбозони навраси тоҷик нахустин бозиашонро 25-уми июн бо тими Эрон анҷом медиҳанд. Баъдан 26-уми июн бо мунтахаби Испания бозӣ мекунанд. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ 28-уми июн бо дастаи Озарбойҷон баргузор мешавад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб 10 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 6 ҳазор ва барои ҷойи севум 4 ҳазор доллари ИМА муқаррар шудааст.

Ҳайати мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов, Бахтиёр Ҳақназаров (ҳарду – «Нури Норак»), Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»), Фирӯз Ризомов («Вахш»).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Шаҳбози Шарифӣ (РШВСМ), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Шараф Раҳимов, Илҳомҷон Бердиалиев (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Сӯҳроб Муъминов («Энергетик»).
Ҳамлагарон: Собирҷон Гулаков, Рустам Толибов, Муҳаммадҷони Ҳасан (ҳама – РШВСМ), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шарафҷони Раҷабзод («Хайр»).
Сармураббӣ: Салоҳиддин Ғафуров.
XS
SM
MD
LG