Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ зидди тақаллуб (ВИДЕО)


Тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон, ба нишони эътироз аз тақаллуб дар интихобот тазоҳурот карданд.

Садҳо нафар рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Кобул раҳпаймоӣ карда ва алайҳи Кумиссиюни мустақили интихобот шиор доданд. Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки мақомоти интихоботӣ саъй доранд натиҷаҳои даври дуввуми интихоботро ба нафъи рақиби ӯ дасткорӣ кунанд.

Дар ин давр доктор Абдуллоҳ бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, вазири собиқи молияи Афғонистон рақобат кард. Абдулло Абдулло гуфтааст, ки ҳеҷ гуна натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 14-уми июнро қабул нахоҳад кард ва аз Созмони Милал хостааст, ҷараёни шумориши орои интихоботро назорат кунад. Иттиҳомот дар бораи тақаллубкорӣ дар интихобот сабаби бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон шуд ва дар ҳоле, ки қарор то охири имсол бисёре аз нерӯҳои хориҷӣ он кишварро тарк кунанд.

Истиқболи Карзай аз дархости Абдуллоҳ ва мухолифати комиссияи шикоёт

Дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Афғонистон аз талаби яке аз номзадҳои интихобот истиқбол мекунад, Кумиссиюни мустақили шикояти интихоботи ин кишвар онро "мухолифи арзишҳои демократӣ" медонад.

Нодир Муҳсинӣ, сухангӯи Комиссияи мустақили шикоёти интихоботи Афғонистон дар сӯҳбат бо бахши дари радиои Озодӣ гуфтааст, дар ҳоли мавҷуд будани коммиссияи мустақили интихобот ва коммиссияи мустақили шикоёти интихобот наметавонад Созмони Миллал ва ё дигар ниҳоде ба рафти интихобот мудохила кунад. Вай гуф:

«Аз ҳамкории Созмони Миллал дар мавриди ин ки ниҳодҳои қонунӣ тавонанд ба вазифаашон амал кунанд, истиқбол мекунем. Аммо супурдани вазифаҳо ба ин созмон ба шакле ки ниҳодҳои қонуниро нодида бигирад, фикр мекунам ба нафъи субот ва ҳамчунин мухолифи арзишҳои демократӣ дар Афғонистон хоҳад буд».
Ин дар ҳолест, ки Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи 20-уми июн дар ҷаласае гуфт, бо тақозои номзади раиси ҷумҳур Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки талаб кардааст барои ҳалли масъалаи интихобот Созмони миллал мудохила кунад мувофиқ аст. Дар ҳамин ҳол Ҳомид Карзай бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид гуфтугӯ кардааст.

«Доктор Абдуллоҳ дар конфронси хабарии худ фармуданд, ки мехоҳад аз тариқи Созмони миллали муттаҳид ба ин мушкили интихобот расидагӣ шавад. Иттифоқан ҳамон рӯз бо Созмони Миллаи Муттаҳид мулоқот доштам ва инро натанҳо пазируфтам, ки як кори хуб аст, балки инро як амали нек донистам», гуфтааст Карзай.

Аммо то кунун гуфта нашудааст, ки Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳалли ин масъала чигуна ҳамкорӣ хоҳад кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз ду номзади даври дувуми интихоботи Афғонистон мегӯяд, дар дар ин даври интихобот тақаллуб шудааст ва равобиташро муваққатан бо ҳарду комиссия қатъ кардааст. Доктор Абдуллоҳ хостааст барои ҳалли масъалаи тақаллубӣ дар раванди интихобот бо таъсиси коммиссияе Созмони Милали Муттаҳид расидагӣ кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, натиҷаи шумориши орои ниҳоиро намепазирад, зеро ба гуфтаи вай, ба шикоятҳои ӯ дар бораи тақаллуб ва таваққуфи шумориши оро таваҷҷуҳе нашудааст.

Яке аз талабҳои тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин барканории раиси дастгоҳи иҷроия Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон Зиёулҳаққ Амрихел буд, ки рӯзи интихобот аз сӯи пулиси Кобул бо ду мошини борбар варақаҳои раъдиҳӣ боздошт шуда буд. Оқои Абдуллоҳ ва тими ӯ ба ин назаранд, ки ин масъули Комиссияи мустақили интихобот мехост ин авроқро ба минтақаи Сурубӣ дар атрофи Кобул интиқол бидиҳад ва ба нафъи рақиби номзади тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ тақаллуб намояд. Иддаое, ки Комиссияи мустақили интихобот ва худи Зиёулҳаққ Амрихел онро радд намудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG