Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдурауф Мӯсоев, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук байни навҷавонон дар Тайван медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшоҳ Камолов, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми июн хабар дод.

Вай гуфт, “Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи қитъавӣ танҳо як варзишгар - Абдурауф Мӯсоеви 18-сола, донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, намояндагӣ кард. Вай дар рақобатҳо оид ба гурзандозӣ бо натиҷаи 68 метру 35 сантиметр мақоми севумро соҳиб шуд. Ашраф Амҷад аз Қатар бо натиҷаи 79 метру 71 сантиметр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Мақоми дувумро ҳамдиёри ӯ Аҳмад Амҷад бо натиҷаи 68 метру 90 сантиметр соҳиб гашт.”

Дар ин мусобиқа варзишгарони 29 кишвар ширкат доштанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 21-ум қарор гирифт.

Мунтахаби Чин бо касби 24 медал, аз он ҷумла 12 нишони тилло, ҷойи аввалро азони худ кард. Дастаи Ҷопон бо 21 медал, минҷумла 11 нишони тилло, ҷойи дувум ва Қатар бо 9 медал, аз он ҷумла 6 нишони тилло, ҷойи севумро ишғол намуданд.
XS
SM
MD
LG