Пайвандҳои дастрасӣ

Ковал: Русия ҷудоихоҳонро бо зиреҳпӯшҳо таъмин мекунад


Михаил Ковал

Михаил Ковал

Михаил Ковал, кафили вазорати дифоъи Украина, рӯзи ҷумъа, 20 июн, зимни суханронӣ дар Верховная Рада изҳор намуд, ки Русия ба қаламрави Украина барои ҷудоихоҳони рустабор тонку зиреҳпӯш ва таҷҳизоти “Град”-ро интиқол додааст. Як зиреҳпӯш, ба гуфтаи ӯ, нобуд карда шуд.

Аз ин пеш вазири умури дохилии Украина Арсен Аваков дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки шаби 20 июн сарбозони Горди миллӣ дар канори рустои Маряновкаи вилояти Донетск як тонкии русии БТР-80 – ро ҳангоми вуруд ба қаламрави Украина ғанимат гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳон дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск идома доранд. Шабонарӯзи гузашта дар набардҳо дар шаҳракҳои Ямпол ва Закотное дар вилояти Донетск ҳафт низомии украинӣ ба ҳалокат расида, 30 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷудоихоҳон ҳамчунин хабар доданд, ки дар задухӯрд дар канори мазеъи Красний Лимани Донетск 12 сарбози украинӣ аз Днепоропетровск кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Раиси парлумони Украина Александр Турчинов рӯзи ҷумъа изҳор намуд, ки раванди бастани марзҳои кишвар бо Русия тақрибан анҷом ёфтааст.
XS
SM
MD
LG