Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон коҳиш ёфтааст


Кумитаи омори Тоҷикистон бо такя ба маълумоти пешинҳодии мақомоти зидахли кишвар оид ба содироту воридот иттилоъ медиҳад, ки дар панҷ моҳи гузаштаи соли равон ҳаҷми моли содиротӣ дар нисбат ба моли воридотӣ бештар шуда содирот коҳиш ёфтааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи омори Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳаҷми содироти мол дар давоми панҷ моҳи соли равон 414,8 млн. долларро ташкил додаааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,5 миллион доллар кам будааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки воридот 1 миллиарду 916,5 миллион долларро дар бар меград, ки дар нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 308 миллион доллар бештар аст.

Ба ин тартиб Кумитаи омори Тоҷикистон меафзояд, ки агар дар панҷ моҳи гузашта содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 22,4 дарсад коҳиш ёфта воридот 19,1 дарсад бештар аст.
XS
SM
MD
LG