Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё маълум шуданд


Тими футболи занонаи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Узбакистон, Шри-Ланка, Баҳрайн, Фаластин ва Қирғизистон рақобат мекунад.

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё - Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занонаи то 16-сола баргузор шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 ҳамагӣ 21 даста: 12 –то дар минтақаи Ғарб ва 9–то дар минтақаи Шарқ ширкат мекунанд.

Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-16) бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Узбакистон, Шри-Ланка, Баҳрайн, Фаластин ва Қирғизистон рақобат мекунад. Мусобиқа аз 4-ум то 13-уми октябр дар Шри-Ланка баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Сулаймон Бобокалонов нахустин бозиашро 4-уми октябр бо дастаи Фаластин анҷом медиҳад. Баъдан футболбоздухтарони тоҷик 6-уми октябр бо дастаи Баҳрайн, 8-уми октябр бо мунтахаби Узбакистон ва 11-уми октябр бо тими Шри-Ланка бозӣ мекунанд. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ 13-уми октябр бо дастаи Қирғизистон баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки ғолибони ҳар чаҳор гурӯҳ ба марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2015 роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Чин ва Тайланд аз даври интихобӣ озоданд ва ба сабқати ниҳоӣ мустақим роҳ ёфтаанд.

Натоиҷи қуръакашии даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занона (U-16):
Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Шри-Ланка, Узбакистон, Баҳрайн, Фаластин, Қирғизистан, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Эрон, Урдун, Ҳиндустон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «С»: Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг, Ҷазоири Шимолии Мариан, Ветнам.
Гурӯҳи «D»: Тайван, Мянмар, Филиппин, Камбоҷа.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»:

Даври 1-ум
4 октябр (шанбе)
Баҳрайн – Шри-Ланка
Фаластин – Тоҷикистон
Узбакистон – Қирғизистон

Даври 2-юм
6 октябр (душанбе)
Шри-Ланка – Қирғизистон
Узбакистон – Фаластин
Баҳрайн – Тоҷикистон

Даври 3-юм
8 октябр (чоршанбе)
Қирғизистон – Баҳрайн
Тоҷикистон – Узбакистон
Шри-Ланка – Фаластин

Даври 4-ум
11 октябр (шанбе)
Фаластин – Қирғизистон
Тоҷикистон – Шри-Ланка
Узбакистон – Баҳрайн

Даври 5-ум
13 октябр (душанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
Баҳрайн – Фаластин
Шри-Ланка – Узбакистон
XS
SM
MD
LG