Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: 50 миллион нафар аз мардуми сайёра паноҳанда шудаанд


Идораи СММ дар умури паноҳандагон хабар дод, ки бори аввал баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон теъдоди афроди бар асари ҷангу бӯҳронҳо тарки манзилкарда аз 50 миллион нафар гузашт.

Дар ҳисоботи солонаи ин ниҳод, ки дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон нашр шуд, омадааст, то поёни соли 2013 теъдоди фирориён ва афроди дар дохили кишвар беҷошуда 51 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил дод ва ин назар ба як соли пеш шаш миллион нафар бештар аст. Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон ҳамасола 20 июн қайд карда мешавад.

Бар пояи ҳисоботи Идораи СММ дар умури паноҳандагон, 86 дар сади фирориён дар кишварҳои дар ҳоли рушд панаҳ бурдаанд. Бар гуфтаи муаллифони ҳисобот, бар асари ҷанги шаҳрвандӣ 9 миллион нафар аз суриягиҳо манзилҳои худро тарк кардаанд.

Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал дар як изҳорот ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон аз СММ барои нотавонияш дар таъмини сулҳи амният дар ҷаҳон интиқод кард.
XS
SM
MD
LG