Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санги аввали бинои нави академияи ВКД гузошта шуд


Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20-уми июн дар шаҳри Душанбе санги асоси бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги аввали бинои академияи ВКД гуфт, ки ҳоло дар академия қариб 2500 нафар курсант таълим мегиранд. Аз ин шумора 100 нафар духтарон буда, аз теъдоди умумии шунавандагон, ё худ курсантҳо 145 нафар ба тариқи имтиёзӣ қабул карда шудаанд. Ҳамчунин дар ин академия ҳудуди 100 нафар ятимон низ таълим мегиранд.
Дар ин чорабинӣ зикр шуд, ки сохтмони ин бино дар арафаи 25 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне то сентябри соли 2016 ба охир мерасад. Академияи Вазорати корҳои дохила то ҳол дар биное аз даврони шӯравӣ боқӣ монда фаъолият дорад, ки бо зиёд шудани таълимгирандагон зарурати сохтани бинои нав пеш омадааст.
XS
SM
MD
LG