Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдулло гуфт, натиҷаҳои интихоботро намепазирад


Абдулло Абдулло, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфт, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботро намепазирад, зеро бо вуҷуди шикоятҳои ӯ, тақаллуб дар шумориши оро қатъ нашудааст. Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон рӯзи 18-уми июн гуфт, ки шумориши орои мардум муттавақиф шавад, Зиёулҳақ Амирхел, раиси Кумиссиёни мустақили интихоботро аз мақомаш барканор кунанд. Ӯ хост, ки нозирони Созмони Милал шумориши орои интихоботро назорат кунад. Зиулҳақ Амирхел рӯзи 19-уми июн гуфт, ки шумориши оро бо ҳузури нозирони байналмилалӣ ва афғон идома дорад ва кумиссиёни интихобот барои номзади хосе кор намекунад. Амирхел гуфт, агар ҳар касе бо далел дасткории натиҷаҳои интихобот аз тарафи ӯро собит кунад, ӯ аз мақомаш истеъфо медиҳад. Қарор аст, натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 14-уми июн дар Афғонистонро рӯзи 2-уми июл эълон кунанд.
XS
SM
MD
LG