Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошт майори милитсия барои ришваситонӣ


Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд майори милитсия Тиллобой Латипов, сардори шӯъбаи минтақавии ОМОН-и вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Истаравшанро ҳангоми гирифтани 14 000 долар ҳамчун пора дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия имрӯз, 19 июн бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки пас аз шикояти шаҳрванд Шукуров дар бораи Латипов Тиллобой, ки вай барои кам кардани гуноҳи фарзанди Ҳомидова маблағи 14 ҳазор доллар пурсидааст, ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд.

Латипов Тиллобой дар давраи аз моҳи октябри соли 2013 то моҳи январи соли 2014 маводи санҷиширо аз рӯи аризаи шаҳрванд Ҳомидова нисбати писараш барои содир кардани ҷинояти қалобӣ баррасӣ карда, бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки бар асоси ин парванда муфаттиши шуъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳри Истаравшан Умед Отаев дар ҳамкорӣ бо майор Латипов парвандаро анҷом дода, дар ивази сабук кардани ҷазои фарзандаш маблағ ҳамчун ришва пурсидааст. Онҳо дар ибтидо аз Шукуров ҳамчун ҳаққи хизмат 3 000 ва баъдан 2 000 долар талаб карда, машварат кардаанд, ки маблағи боқимондаро баъдтар биёрад. Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар вилояти Суғд рӯзи 13 майи соли соли равон Латипов Тиллобойро баъди аз шаҳрванд Шукуров гирифтани маблаги 14 000 долари ҳамчун пора дар ҷои ҳодиса дастгир кардаанд. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нисбати майор Латипов Тиллобой бо моддаи 247 банди «а» қисми 3 пораситонӣ дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
XS
SM
MD
LG