Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пётр Качуро, мутахассиси 41-солаи беларус, сармураббии дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат таъин шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳи футболи лигаи олии кишвар – «Хайр» - бо Пётр Качуро имрӯз, 19-уми июн, то охири мавсими соли 2014 қарордод ба тасвиб расонд.

Пётр Качуро 2-юми августи соли 1972 дар шаҳри Оршаи вилояти Витебски Беларус таваллуд шудааст. Дар дастаҳои мухталиф - «Динамо»-и Минск, «Шеффилд Юнайтед»-и Инглистон, «Сокол»-и Саратови Русия, «Чэнду Вун-ю»-и Чин – бозӣ кардааст. Солҳои 1994—2002 дар ҳайати мунтаби Беларус 29 бозӣ карда, 5 гол задааст.

Карерааш ҳамчун футболбоз соли 2005 дар дастаи «Динамо»-и Минск ба охир расидааст. Фаъолияти мураббигиаш аз соли 2006 шурӯъ шуда, дар дастаҳои
«Динамо» (Минск), «Неман» (Гродно), «Динамо-2» ва ҳайати ҷавонони «Динамо»-и Минск кор кардааст.

Собиқ сармураббии «Хайр» Рустам Хоҷаев ёвари Пётр Качура таъин шудааст. Дастаи «Хайр», ки барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон мебошад, имсол ҳам барои медалҳои мусобиқот талош дорад. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Хайр» бо 13 имтиёз аз 8 бозӣ дар ҷойи севум қарор гирифтааст.

Бозии охирини марҳалаи аввали мусобиқаи имсоларо «Хайр» бо рақиби аслиаш - «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 15 имтиёз баъди «Истиқлол»-и Душанбе (22 имтиёз) дар зинаи дувум ҷойгир шудааст, - анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи шанбеи 21-уми июн дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG