Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони Австралия ба ҷанги Сурия рафтаанд


Ҷулия Бишоп, вазири умури хориҷии Австралия, гуфт, нигарониҳо аз афзоиши теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар сафи ҷангҷӯёни суннимазҳаб дар Ироқ ва Сурия бештар мешавад. Ҷулия Бишоп, рӯзи 19-уми июн ба расонаҳои Австралия гуфт, ки бино ба иттилои онҳо ҳоло дар Сурия ва Ироқ 150 шаҳрванди он кишвар дар канори тундравони исломӣ меҷанганд. Вазири умури хориҷии Австралия гуфт, ӯ бисёре аз онҳоеро, ки барои ҷанг ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кардааст, зеро ба эътиқоди мақомот онҳо дар сурати бозгашташон ба амнияти миллии Австралия хатар эҷод мекунанд.
XS
SM
MD
LG