Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як овозхони маъруфи Покистонро куштанд


Як зани овозхони шинохтаи Покистонро дар шаҳри Пешавар куштанд. Мақомоти пулиси ин шаҳр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Гулноз, ки бо тахаллуси Мускан дар байни мардуми шӯҳрат дошт, рӯзи 18-уми июн дар хонааш аз тарафи афроди мусаллаҳ кушта шудааст. Ба қавли хешовандонаш, чаҳор фарди мусаллаҳ ба хонаи Гулноз дар маҳаллаи Гулбарг ворид шуда ва ба ӯ тир задаанд. Ин овозхон дар роҳ ба сӯи шифохона ҷон додааст. Гулноз, ки аз Хайбар Пахтунхоҳ, як минтақаи қабоилнишини Покистон буд бо таронаҳояш ба забони пашту дар ин кишвар шӯҳрат ёфт. Толибон дар Покистон овозхонӣ дар байни занонро ғайриисломӣ ва гуноҳ медонанд.
XS
SM
MD
LG