Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурони афғон се маргталабро куштанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки се бомбгузори маргталаб ба як посгоҳи НАТО дар ҷануби кишвар ҳамла карда ва бо маъмурони пулис даргир шудаанд.Ба гуфтаи пулис, бомбгузорон рӯзи 19-уми июн ба гузаргоҳи Турхам дар вилояти Нангарҳор ва ба посгоҳе дар марзи Покистон ҳамла кардаанд. Ҳарсе бомбгузор зимни муқовимати нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд, вале даҳҳо мошини маводи сӯхти нерӯҳои НАТО зимни даргирӣ оташ гирифта ва нобуд шудаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Аксари мошинҳои лавозимоти НАТО аз тариқи Турхам ба бандарҳои Карочии Покистон мерасанд.
XS
SM
MD
LG