Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: "Русия ирсоли силоҳро бас накардааст"


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, агар Русия бо истифода аз нуфузаш, пеши ҳамлаву хунрезиҳои ҷудоихоҳон дар шарқи Украинаро нагирад, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш саъй мекунанд, ки “Маскав барои беамалиаш подоши бештар бипардозад”. Кохи Сафед гуфт, ки Ҷо Байден дар ин бора рӯзи 18-уми июн дар сӯҳбати телефонӣ бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина сухан гуфтааст. Ҷо Байден афзудааст, ки Русия ҳамчунин ирсоли силоҳу тундравон ба шарқи Украинаро бас накардааст. Муовини раиси ҷумҳури Амрико Петро Порошенкоро барои иқдомоташ ҷиҳати мусолиҳа дар кишвари бӯҳронзадааш ситоиш кардааст. Раиси ҷумҳури тозаинтихоби Украина гуфтааст, ки нерӯҳои кишвар ба зудӣ дар чаҳорӯби барномаи сулҳ, оташбаси якҷониба эълон мекунанд ва ба ҷудоихоҳони мусаллаҳи тарафдори Русия иҷоза медиҳанд, ки кишварро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG